Печать 

28 октябри соли 2020 садорати факултет дар  вохӯрии судманди устодон ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – муовинони ректори донишгоҳ, деканҳои факултетҳо, сардорони идораҳо, мудирони шуъбаҳо бо Расулӣ Барот – полковники адлия, корманди Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғоибов Фарҳод – намояндаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Чорабинии мазкурро муовини аввали ректори донишгоҳ – Саъдуллозода Ш.С. кушода эълон намуд. Баъдан Расулӣ Б. бо маърӯзаи худ баромад намуда, доир ба ҳолатҳои пайдоиши коррупсия ва таҳдиди хатарҳои он ба пояҳои давлатдорӣ маълумоти муфассал дод. Дар маърӯзааш ӯ ҳамагонро барои муборизаи дастаҷамъона бо ин зуҳуроти номатлуб даъват намуд.

 

Инчунин Ғоибов Ф. доир ба вазъияти имрӯзаи олам сухан ронда, экстремизму ифротгароӣ ва терроризму хушунатангезиро маҳкум намуд. Ӯ барои зиндагии орому осудаи мардум омили асосиро дар решакан намудани пояҳои ин гуна ҳаракатҳо арзёбӣ карда, барои пешгирии ҷавонон аз ин ҳаракату даъвоҳо ҳамагонро фаро хонд.

Дар охир саволу ҷавоби озод сурат гирифт, ки иштирокдорон ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

 

Бознашр аз сахифаи : ttu.tj