Воқеан дар олами муосир баъзе аз «сиёсатмадорон» баҳри пиёда сохтани ҳадафу манфиатҳои хеш ба ҳар амали манфии ношоиста даст мезананд. Ҳамин аст, ки роҳҳои расидан ба мақсади худро дар поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои нафарони дигар, миллату қавмҳои дигар, аз байн бурдани оромиву осоиштагии кишварҳои дигар мебинанд. Яъне ҳамин чиз сабаб гардидааст, ки дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ истилоҳоте чун терроризм ва экстремизм пайдо гардидаву таҳдиди он барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

 

Воқеан дар олами муосир баъзе аз «сиёсатмадорон» баҳри пиёда сохтани ҳадафу манфиатҳои хеш ба ҳар амали манфии ношоиста даст мезананд. Ҳамин аст, ки роҳҳои расидан ба мақсади худро дар поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои нафарони дигар, миллату қавмҳои дигар, аз байн бурдани оромиву осоиштагии кишварҳои дигар мебинанд. Яъне ҳамин чиз сабаб гардидааст, ки дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ истилоҳоте чун терроризм ва экстремизм пайдо гардидаву таҳдиди он барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Аслан аз моҳияту мафҳуми терроризм ва экстремизм бармеояд, ки он ифодаи тарсу ваҳм ва моҷароҷӯйиро дар худ касб намудааст. Магар инсон қодир аст, ки дар ин асри ҳуқуқӣ ба хотири расидан ба нияту ҳадафҳои хеш ба обрӯю нуфуз ва беҳтарин муқаддасот – озодии инсон дастдарозӣ намояд? Магар ӯ дарранда нест, балки бадтар аз он аст?!

Ростӣ дар посух ба ин суолҳо боз суоли дигаре ба миён меояд, ки пас пайдоиши терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон ва умуман дар дунё аз чӣ сарчашма мегирад? Дар атрофи ин масъала дар сиёсати имрӯзаи ҷаҳон миёни ҷомеашиносону сиёсатмадорон мубоҳисаҳои зиёде ҷараён доранд. Аммо аз ду сар сарчашмаи идеологии онҳо бештар динҳоро пайгирӣ менамоянд. Ба ин мазмун, таҳлилу ошкор намудани низоъҳои динӣ дар маркази таваҷҷуҳи тамоми мардуми курраи Замин қарор дорад. Олимону пажӯҳишгарон, масъулини ниҳодҳои дахлдор, сиёсатшиносон, исломшиносон, андешамандону соҳибназарон баҳри рафъи хатарҳои пешомада ва баҳои ҳақиқӣ додан ба вазъи сиёсии ҷаҳону минтақа, хосса бархӯрди манфиатҳои динӣ ва миллӣ, тафовут байни ҷаҳонбинии рӯҳониён ва тафаккури дунявӣ ва дигар масъалаҳо фикру андешаҳои мухталиф иброз намудаанд. Аз назари баъзе аз онҳо ҳадафи чунин аҳзоби сиёсӣ таъсиси ҳизбҳои исломӣ ва паси идеологияи он пиёда кардани мақсаду ниятҳои нопоки худ мебошад. Ҳизбҳои хусусияти мазҳабидошта ба чунин раванд майл дошта, барномаи хешро атрофи идеологияи диние тарҳрезӣ менамоянд, ки гӯё ба дину Худо созгор аст. Имрӯз шумораи чунин ҳизбҳо, ки сабаби нооромии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд, кам нестанд. Чунин мазмун гирифтани масъала таърихи сиёсии Тоҷикистони навинро пеши назар меорад.

Воқеан таърихи сӣ соли охири тоҷикон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки даврае сарнавишти талху торик ҷомеаи моро фаро гирифта, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву идеологии кишвари мо хисороти зиёде расонида буд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари намояндагони ТЭТ ҲНИ аз ҷумлаи чунин нафароне буданд, ки бо мақсади халалдор кардани оромии кишвар ба саҳнаи сиёсат ворид гардида буданд. Баъзе аз саркардагони ин гурӯҳи террористӣ аз сиёсату фаъолияти давлат огоҳ буда, ташнаи курсиҳои ҳокимият ва бо кадом роҳ ба даст овардану истифода намудани онро доштанд. Ин “сиёсатмадорони” ватанбезори курситалаб ҳанӯз аз даҳсолаҳои охири давлати Шӯравӣ пай бурда буданд, ки он пош мехӯрад. Аз ин фурсат истифода карда, тариқи пинҳонӣ бо дастгирии кишварҳои хориҷа ба ташкили ин ҳизб шурӯъ намуда буданд. Як муддат пошхӯрии давлати Шӯравӣ ба амалишавии ҳадафҳои бузурги онҳо имкони васеъ дод. Дар натиҷа ТЭТ ҲНИ бо иғвову дасиса дар остонаи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кишварро ба муноқишаи шаҳрвандӣ табдил дод. Беист бародар бародарро мекушт. Кишвар вайрону валангор ва дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Беист ин гурӯҳи ҷиноятпеша аз заифии диниву сиёсии ҷавонони онвақта истифода намуда, ҷомеаи моро ба майдони хунин табдил медоданд. Хуллас, як муддат нақшаи солҳо кашидаи ТЭТ ҲНИ амалӣ гашт. Вале ҳокимияти ғайриқонунии онҳо умри дароз надид. Чунки дар урфият мегӯянд, ки “чоҳкан зери чоҳ аст”. Рост. Як муддати кӯтоҳ ҷонибдорони ин ҳизби террористӣ корду камон дар даст ба қатлу ғорат ва вайрон кардани ин ватани бобоиамон ба миён омада буданд. Вале он фурстаро аз даст доданд.

Яъне мегӯянд, ки “бар сари фарзани одам ҳарчи ояд бигзарад”. Аз ин кирдору рафтори ваҳшиёнаи “бо ном гӯё ҳизби динӣ” Худою Расул дар ҳайрату хиҷолат монда, аз ин нияти пешгирифтаашон онҳо бенасиб гардонид. Инчунин халқи тоҷикро панаҳварӣ намуда, ба он роҳи росту сарвари одил ато намуд. Ин аст, ки имрӯзҳо беғаразона таҳлил кардани низоъҳои динӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон қарор дорад. Сарвари арҷмандамон ҳамеша аз ин таҳдидҳо сухан гуфта, чун дигар ҳамтоёни хеш дар арсаи байналмилалӣ терроризму экстремизмро маҳкум карда, доимо чунин изҳор менамоянд: «Ҳаводиси рӯзҳои охир ба вуқӯъ пайваста, аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо мекунад, ки барои фардои фарзандонамон муттаҳид шавем ва ин неруи аҳриманро решакан созем».

Дар баробари рӯзҳои гузашта дар замони муосир низ ҷавонон ба ислом, дин ва охират тавваҷҷуҳи зиёд доранд. Ҳанӯз саркардагони ин ҳизби мухолифин бо сарварии М. Кабирӣ дар хориҷ сукунат дорад, ки бо ҳар ҳилаву найранг ба шуури насли наврас таъсири психологӣ мерасонанд. Ин мазҳаби террористӣ аз заифии он насле, ки аз гузаштаи талху торики Кабирӣ барин “сиёсатмадорон” бехабар истифода бурда, дар ниқоби исломӣ нақшаҳои худро роҳандозӣ мекунанд. Онҳо бештар ҷавононро ба гирдоби «бало» кашида, муқобили фаъолияти ҳукумату давлат менамоянд. Хусусан ҷавононе, ки саводи кофии диниву дунявӣ надоранд, ҷаҳонбиниашон танг аст, бештар аз рӯйи бефарҳангӣ ба доми чунин гурӯҳҳо меафтанд, ки оқибат боиси бадбахтии оила ва худи онҳо мегардад.

Дар ин хусус доимо Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ иброз менамоянд, ки «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат бахшидани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд». Ба назари мо яке аз сабабҳои асосие, ки боиси майл кардани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мегарданд, омили иҷтимоӣ мебошад. Гурӯҳҳои ифротгар вазъи пасти иқтисодии ҷавононро ба назар гирифта, ба ҷавонон молу сарватҳои зиёде ваъда дода, онҳоро ба доми худ мекашанд. Бо ин ҳама надоштани дониши хуби динӣ, ҷаҳонбинӣ ва зиракии сиёсӣ сабаби ба ин гурӯҳҳо шомил гардидани ҷавонон шуда метавонад.

Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд.

Дар шароити муташанниҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аввалиндараҷа ва ҳаёти муҳим ба шумор меравад. Чунки рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки мавҷудияти ТЭТ ҲНИ барин аҳзоби хусусияти террористидошта метавонад омили ба миёноии хатарҳои навбатӣ дар кишвар ва минтақа гарданд.

Мо бе муболиға асоснок метавонем кард, ки фаъолияти чунин созмонҳои пасипардагии террористӣ торафт васеъ шуда истода, таъсири манфии онҳо бештар ба мушоҳида мерасанд. Мисоли он кишварҳои бо мо ҳамшафат – Афғонистон ва Покистон шуда метавонад, ки зиёдгардии чунин мазҳабҳои ифротӣ вазъиятро дар ин кишварҳо боз ҳам мураккабтар гардонида истодааст. Мубориза алайҳи ин вабои аср, фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром, ҳифзи манфиатҳои ҳамдигарӣ ва муттаҳид намудани кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Дар ин шароит ягона роҳи дуруст, ки метавонад оромиву амнияти ҷомеаро таъмин намояд, таҳкими пояҳои давлатдории дуниявист, ки дар он дин аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ гоҳ ба ягон дин, мазҳаб ва ҷараён тарҷеҳ дода намешавад. Танҳо дар низоми дунявӣ баробарии дину мазҳабҳо ва ё дигар ҷараёнҳо таъмин гардида, шаҳрвандон дар интихоби худ озоданд ва дар ҳоли таҳдид накардан ба амнияти давлатӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, давлат онро зери ҳимояи худ қарор медиҳад. Яъне Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, ба тамоми ҳуқуқҳои виҷдонии шаҳрвандон арҷ мегузорад. Дар ин самт баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои башарӣ, ҳамкориҳои судманди хешро бо тамоми созмонҳои сиёсиву ҳуқуқии башарӣ ба роҳ монда, ба фаъолияти минбаъдаи ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятӣ заминаи ҳуқуқӣ зам намудааст.

Вале мавҷудияти ТЭТ ҲНИ барин гурӯҳи ифротӣ намегузорад, ки самти фаъолияти дохиливу берунии кишвар муътадил бошад. Ин равияи террористӣ аз пайи туҳмату иғво ва хатарҳои сиёсии дигаре мебошад, ки ҳар лаҳза он метавонад дар оянда таҳдид ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ дар кишвар гардад. Мутаассифона дар гирдоби таблиғу ташвиқи чунин гурӯҳҳо наврасон ва ҷавонони ғафлат аз сиёсат меафтанд. Онҳо наврасону ҷавононро барои ноил шудан ба мақсадҳои ғаразноки хеш бештар истифода мекунанд. Роҳи ягонаи наҷот дар ин самт бетарафиро ихтиёр накардани шаҳрвандони дигар мебошад.

Дар ин самт боварӣ аз он дорем, ки ҳар фарди солимақли тоҷик ин фурсатро аз даст намедиҳанд. Зеро аз таҷрибаи сулҳи бадастомада ба мо аён аст, ки кишвари мо аз вартаи нобудшавӣ раҳо ёфт ва ҳамчун миллат ояндаи худро бо ақлу заковати хеш муайян намуд. Таҳкими ваҳдату ягонагӣ роҳи расидан ба ҳамбастагии миллӣ, оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили калидии рушди ҷомеаи муосири мо мебошад. Имрӯз ҳифз, таъмин ва такмили сулҳу салоҳи миллӣ бояд ба яке аз вазифаҳои муқаддаси табақаҳои гуногуни ҷомеа табдил ёбад. Яъне мафкураи ҳифзи сулҳ, ваҳдати миллӣ ба мафкураи ягонагии миллӣ ва рушди минбаъдаи шаҳрвандон табдил ёбад. Ҳифз ва таъмину такмили сулҳу ваҳдати миллӣ дар шакли як шиори таблиғотию ташвиқотӣ неву, балки ба амали ҳамарӯзаи аҳли ҷомеа табдил ёбад. Он диққату ғамхорӣ, такмилу тақвияти ҳамешагиро тақозо мекунад.

Ҳамин тариқ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ бояд аз ҳар гуна зарбаҳо ва олоишу ҳуҷумҳои муғризонаи бадхоҳонаш, хусусан аз саркардагони ТЭТ ҲНИ ҳифзу ҳимоя гардад. Дар ин самт танҳо мардони ватандӯст ва содиқ бо ҳушёрии сиёсии худ дар атрофи Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омада, бо меҳнати суботкорона ва ободии Тоҷикистон бар зидди хоинони давлат ва миллат ҷавоби босазо метавонанд диҳанд.

Аз ин лиҳоз, имрӯз аз ашхоси фирефтагаштаи тоҷик, ки пайи тафриқаи хоҷагони худ рафта, дар чорроҳаи гумроҳӣ мондаанд, даъват ба амал меорем, ки ба сӯйи ваҳдату якдилӣ ва муҳаббат ба Ватану Модар бозгарданд! Танҳо дар ягонагӣ мо метавонем, ки ба ояндаи дурахшони давлату миллат бирасем!

Мусозода Ш.М.

Саидумаров С.С.

Сарчашма: 

   Логотип БНТУ