Бо мақсади ҳавасманд намудани ҷавонони боистеъдод дар Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ озмӯни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон бахшида ба солҳои 2020-2040 - "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф", баргузор гардид. Дар озмӯни мазкур донишҷӯёни факултети Муҳандисӣ-техникии ДМТБ-ДТТ низ фаъолона ширкат намуданд. Боиси қайд аст, ки донишҷӯйи курси 2, равияи 1-7002Б1 -сохтмон, Ҷабборов Умедҷон Сатторович сазовори ҷойи сеюм гашта соҳиби Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ гардид. Садорати факултет Ҷаборов У.С. ва роҳбари илмиаш Шарипов Нурулло Давлатбековичро барои сарфароз гаштан ба чунин дастоварди илмӣ самимона табрик менамояд.

   Логотип БНТУ