Санаи 4 апрели соли 2018 омӯзгорон бо донишҷӯёни курси аввали факултетҳои муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус-ДТТ

 

ба номи М. Осимӣ ва факултети авиатсияи шаҳрвандии АДАБ-ДТТ намоишномаи "Гирдбод"-и Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ширкат намуданд. Ҳунармандони театри

мазкур бо маҳорати баланд ҳодисаҳои давраҳои солҳои 20,  қарни гузаштаро ба маърази тамошо гузоштанд. Донишҷӯён ба воситаи намоишнома аз хизматҳои фарзандони

фарзонаи миллати тоҷик аллахусус устод Садриддин Айнӣ барои ташкилёбии Республикаи советии Тоҷикистон огоҳӣ пайдо намуданд. Дар охири барнома тамошобинон бо

кафкубиҳои бардавом ҳунармандонро аз саҳна гусел намуданд.

 Логотип БНТУ