Санаи 28-29 майи соли 2018 сардори идораи равобити байналмиллалии Донишгоҳи миллии техникии Беларус муҳтарам Павел Иванович Ширвел ба ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ташриф оварданд. Мавсуф ба фаъолияти факултет, ва рафти омодагиҳо ба ифтитоҳи Маркази  фарҳанг, илм ва таҳсилоти Беларус, шинос гардид.

 

Дар вохурӣ бо ректори донишгоҳ муҳтарам Ҳайдар Одиназода тарафҳо аз ҳамкориҳо боиси қаноатмандӣ намуданд. Ширвел П.И. аз ректори донишгоҳ барои мусоидат дар кори омодасозии марказ изҳори ташаккур намуданд. 

Қайд намудан зарур аст, ки 14 майи соли 2018  дар заминаи факултетҳои муштарак бо ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус “Маркази маълумоти ҳуқуқӣ” ва “Маркази фарҳанг, илм ва таҳсилоти Беларус” кушода мешавад. Хоҳишмандон метавонанд тавассути ин марказ бо қонунгузорӣ, хусусиятҳои фарҳангӣ ва шароити зист дар  Ҷумҳурии Беларус  шинос шаванд.

 

   Логотип БНТУ