https://www.youtube.com/watch?v=AwdAFeTFSS8&feature=emb_titlehttps://youtu.be/AwdAFeTFSS8

Коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатдориро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида, тавозуни он низ аз байн меравад. Дар натиҷа коррупсия сарчашмаи дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ба монанди ин дигар ҷиноятҳое мегардад, ки боиси аз байн рафтани истиқлолияти комили давлатҳо мегардад. Давлату Ҳукумат пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, баҳри амалӣ намудани он якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дар асоси онҳо барномаҳои давлатӣ қабул намудааст. Яке аз ин барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» буда, тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати иҷроиши бандҳои Нақша-чорабиниҳои Стратегияи мазкур тамоми чораҳои дахлдорро андешида, баҳри пешгирӣ намудани ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, оқибатҳои зарарноки он ҳамчунин паст намудани шиддати коррупсия ва аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар якҷоягӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон қайд намуданд:” Масъалаи ҷиддии дигаре, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи доимии мо қарор дошта бошад, ин пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи истифодаи замин мебошад. Бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ дар давраи истиқлолият зиёда аз 130 ҳазор гектар, аз ҷумла 27 ҳазор гектар замини корами обӣ ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Лекин ҳоло ҳам ҳолатҳои тақсимоти ғайриқонунӣ, хариду фурӯш ва худсарона ишғол намудани замин аз байн нарафтаанд. Танҳо дар давоми 10 соли охир қариб 1300 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионии вобаста ба замин содир шудааст. Мутаассифона то ҳол ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки дар ин самт шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар барои ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар амалҳои коррупсионӣ содир менамоянд, ки ин яке аз монеаҳои асосӣ баҳри мувафақона амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегардад.

Подробнее: Коррупсия-зуҳуроти хавфноки ҷомеа

Барои пурсамар ва муътадил фаъолият кардани мақомоти давлатӣ зарур аст, ки омилҳои манфӣ, ба монанди  коррупсия, ки яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад, бартараф карда шавад. Рӯзмара ва мубрам будани мавзӯи мазкур гувоҳи он аст, ки на танҳо як кишвари алоҳида балки ҷомеаи ҷаҳон барои мубориза бо ин зуҳурот муттаҳид гаштаанд.

Ба андешаи олимон нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV то давраи мо), дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Дар замонҳои қадим «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Подробнее: Коррупсия -зуҳуроти номатлуб

Решением республиканского штаба по усилению противоэпидемических мер по предотвращению распространения новой инфекции COVID-19, по инициативе Министерства иностранных дел Республики Таджикистан 30 августа был организован чартерный рейс по направлению Душанбе-Минск и Минск-Душанбе компанией Сомон Эйр, который был  предназначен для вывоза в Беларусь и Украину студентов-таджикистанцев.

Для продолжения обучения в Беларуси этим рейсом вылетели студенты инженерно-технического факультета БНТУ-ТТУ имени М.С. Осими и факультета гражданской авиации БГАА-ТТУ.

Подробнее: Студенты прибыли в Минск

ДУШАНБЕ, 27.08.2020 / АМИТ «Ховар»/. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар бораи аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом додани парвозҳои чартериро дар самтҳои Душанбе-Минск ва Минск-Душанбе қарор қабул намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат.

Парвози чартерӣ дар самти Душанбе-Минск, пеш аз ҳама, барои интиқоли донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, инчунин шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Дар робита ба ин, вазорат аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ворид шудан ба ин кишварҳо талаботи санитарию эпидемиологиро ба назар гиранд.

Бояд гуфт, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Беларус ва Украина омодаанд ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини интиқол аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд. Барои харидани чиптаҳои ҳавопаймо дар самти Душанбе-Минск шаҳрвандон метавонанд мустақиман ба «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд.

Тавассути парвози чартерӣ дар самти Минск-Душанбе шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд. Барои шомил шудан ба рӯйхати интиқол ҳамватанон мебояд ба сафоратҳои Тоҷикистон дар Минск ва Киев муроҷиат намоянд.

Подробнее: Парвози чартерии "Сомон Эйр" ба душанбе-Минск ва Минск-Душанбе,

   Логотип БНТУ