ГЛАВНАЯ
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО НАМОЯНДАГОНИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ
- Подробности
- Автор: Админ
- Категория: Новости
- Опубликовано: 04 Ноябрь 2020
- Просмотров: 1866
28 октябри соли 2020 садорати факултет дар вохӯрии судманди устодон ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – муовинони ректори донишгоҳ, деканҳои факултетҳо, сардорони идораҳо, мудирони шуъбаҳо бо Расулӣ Барот – полковники адлия, корманди Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғоибов Фарҳод – намояндаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Чорабинии мазкурро муовини аввали ректори донишгоҳ – Саъдуллозода Ш.С. кушода эълон намуд. Баъдан Расулӣ Б. бо маърӯзаи худ баромад намуда, доир ба ҳолатҳои пайдоиши коррупсия ва таҳдиди хатарҳои он ба пояҳои давлатдорӣ маълумоти муфассал дод. Дар маърӯзааш ӯ ҳамагонро барои муборизаи дастаҷамъона бо ин зуҳуроти номатлуб даъват намуд.
Подробнее: ВОХӮРИИ СУДМАНД БО НАМОЯНДАГОНИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ
КОРРУПЦИЯ – НЕГАТИВНОЕ ЯВЛЕНИЕ В ОБЩЕСТВЕ
- Подробности
- Автор: Админ
- Категория: Новости
- Опубликовано: 04 Ноябрь 2020
- Просмотров: 2315
Коррупция, будучи связанная с политическими и управленческими процессами и институтами, социально-экономическими и правовыми отношениями, выступает в качестве явления политического, социально-экономического и правового характера.
Коррупция, суть которой заключается в использовании должностных полномочий в целях личного обогащения, всегда влияла и продолжает влиять на происходящие в обществе политические и социально-экономические процессы.
Дониш ин қувва аст!
- Подробности
- Автор: Админ
- Категория: Новости
- Опубликовано: 30 Октябрь 2020
- Просмотров: 2473
https://www.youtube.com/watch?v=AwdAFeTFSS8&feature=emb_title
Коррупсия-зуҳуроти хавфноки ҷомеа
- Подробности
- Автор: Админ
- Категория: Новости
- Опубликовано: 30 Октябрь 2020
- Просмотров: 2287
Коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатдориро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида, тавозуни он низ аз байн меравад. Дар натиҷа коррупсия сарчашмаи дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ба монанди ин дигар ҷиноятҳое мегардад, ки боиси аз байн рафтани истиқлолияти комили давлатҳо мегардад. Давлату Ҳукумат пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, баҳри амалӣ намудани он якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дар асоси онҳо барномаҳои давлатӣ қабул намудааст. Яке аз ин барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» буда, тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати иҷроиши бандҳои Нақша-чорабиниҳои Стратегияи мазкур тамоми чораҳои дахлдорро андешида, баҳри пешгирӣ намудани ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, оқибатҳои зарарноки он ҳамчунин паст намудани шиддати коррупсия ва аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар якҷоягӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон қайд намуданд:” Масъалаи ҷиддии дигаре, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи доимии мо қарор дошта бошад, ин пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи истифодаи замин мебошад. Бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ дар давраи истиқлолият зиёда аз 130 ҳазор гектар, аз ҷумла 27 ҳазор гектар замини корами обӣ ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Лекин ҳоло ҳам ҳолатҳои тақсимоти ғайриқонунӣ, хариду фурӯш ва худсарона ишғол намудани замин аз байн нарафтаанд. Танҳо дар давоми 10 соли охир қариб 1300 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионии вобаста ба замин содир шудааст. Мутаассифона то ҳол ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки дар ин самт шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар барои ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар амалҳои коррупсионӣ содир менамоянд, ки ин яке аз монеаҳои асосӣ баҳри мувафақона амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегардад.